Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ба мақоми раиси Шӯрои хирадмандон пешниҳод шуд


Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев
Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷаласаи ҳайати "Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё" баргузор шуд. Дар он вазирони умури хориҷии Баҳрайн, Белорус, Ҳиндустон, Қатар, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон ва вазири сайёҳии Исроил иштирок доштанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ин ҷаласа суханронии тӯлоние намуда, аз ҷумла пешниҳод кард, ки президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев раиси Шӯрои хирадмандон интихоб шавад.

"Барои худ ифтихор медонам, ки номзадии ташкилдиҳандаи Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё ва президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба мақоми раисии Шӯрои хирадмандон пешниҳод кунам. Ҳамчунин дархости Қазоқистон барои раҳбарии конфронс дар солҳои 2022-2024-ро низ баён менамоям", - изҳор дошт Тоқаев.

Ба гуфтаи Тоқаев, Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё бояд ба як созмони байналмилалӣ табдил дода шавад.

Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё ҳамоиши кишварҳои минтақаи Осиё буда, ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳо ба хотири субот ва амният дар минтақа аст. Ин конфронс бо ташаббуси Назарбоев ташкил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG