Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: Қариб ҳазор кас дар қабристони Бишкек барои худ ҷо харидаанд


Оромгоҳе дар Бишкек
Оромгоҳе дар Бишкек

Наздик ба як ҳазор кас аз қабл барои худ дар мазори ҷанубу ғарби Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҷой харидаанд. Ин дар ҳолест, ки мазори мазкур ба далели ҷо надоштан соли ҷорӣ баста шудааст.

Харидорон талаб доранд, ки ба онҳо ҳуҷҷат дода шавад. Дар ин бора вакили маҷлиси шаҳрии Бишкек Қозибек Эргешов рӯзи 7-уми октябр хабар додааст.

Вакил гуфтааст, касоне, ки барои худ ҷо харидаанд, ба вай муроҷиат ва дар бораи пардохти маблағ ва "банд" кардани ҷо ҳуҷҷат талаб кардаанд.

"Ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд, аммо анборе, ки ҳуҷҷатҳо нигаҳ дошта мешуданд, оташ гирифт. Заминҳои фурӯхташуда ҳоло холӣ ҳастанд, аммо одамон шикоят доранд, ки ҷойҳои онҳоро ба касони дигар фурӯхтаанд", - гуфт Эргешов.

Пештар аз ин шаҳрдории Бишкек хабар дода буд, ки қабристони Ҷануби ғарбӣ 1-уми январи соли 2021 баста шудааст.

Акнун сокинони Бишкекро дар деҳаҳои атрофи он, дар вилояти Чуй дафн мекунанд.

XS
SM
MD
LG