Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои муқобала бо таҳдидҳои Чин ниҳоди нав таъсис медиҳад


Сардори Идораи марказии иктишофии ИМА Уилям Бёрнс
Сардори Идораи марказии иктишофии ИМА Уилям Бёрнс

Сардори Идораи марказии иктишофии ИМА Уилям Бёрнс гуфт, ниҳоди нав – "Маркази амалиётҳои Чин"-ро таъсис медиҳанд. Он бо таҳдиду хатарҳои ҳукумати Чин машғул мешавад.

"Маркази амалиётҳои Чин" барои вокуниш нишон додан ба таҳдидҳои ҷаҳонии ҳукумати Чин таъсис дода мешавад", - омадааст дар иттилоияи идораи иктишофӣ. Бёрнс дар изҳороти худ Чинро муҳимтарин таҳдиди геопалитикӣ ба Амрико дар асри 21 номидааст. Ӯ афзуда, ки Хадамоти марказии иктишофии Амрико на зидди мардуми Чин, балки алайҳи ҳукумати коммунистии он мубориза мебарад.

Маъмурияти президенти пешини Амрико Доналд Трамп моҳи январи имсол таъқиби ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла уйғурҳоро дар минтақаи Шинҷони Чин қатли ом номида буд. "Чин дасти кам аз соли 2017 зери назорат ва мудирияти Ҳизби коммунистӣ ҷиноятҳои зиддибашарӣ анҷом медиҳад", гуфта мешуд дар изҳороти собиқ Котиби давлатии Амрико Майк Пампео.

Вашингтон Пекинро дар ҷосусӣ ва ҳамла ба демократия айбдор мекунад. Ҳам сиёсатмадорони ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократҳои ИМА бар зарурати тақвияти муқобилиятҳо зидди Чин таъкид мекунанд.

Уилям Бёрнс изҳор дошт, ки идораи зери раҳбарии ӯ ба таҳдидҳои дигар, аз ҷумла "Русияи таҷовузкор, Куриёи Шимолии иғвогар, Эрони душман ва терроризм" ба монанди пешин "таваҷҷуҳи хос" зоҳир хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG