Вакилони порлумони Украина Дмитрий Разумков, раиси ниҳоди қонунгузори ин кишварро аз мансаб барканор карданд. Ин иқдом дар пасманзари ихтилофҳои байни ӯ ва ҳизби ҳокими "Хидматгори халқ" гирифта шудааст.
Рӯзи 7-уми октябр 284 вакил, аз ҷумла 215 вакили ҳизби ҳоким, барои барканории Разумков рой доданд. Разумков то соли 2019, замони интихоб шудан ба мансаби раиси порлумон, узви ҳизби "Хидматгори халқ" буд.
Вай ошкоро ба зуд қабул шудани қонуне, ки ҳадафаш маҳдуд кардани таъсири олигархҳо ба сиёсату тиҷорат буд, мухолифат кардааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, рӯзи 3-юми октябр Дмитрий Разумковро ба таври ошкоро танқид кард ва гуфт, "ӯ дигар узви тими мо нест".