Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Қирғизистон дар бораи воридоти барқ аз Тоҷикистон иттилои дақиқ талаб доранд


Хатти баландшиддати барқ. Акс аз бойгонӣ
Хатти баландшиддати барқ. Акс аз бойгонӣ

Вазорати энержии Қирғизистон хабар дод, ки аз Тоҷикистон барқ ворид мекунад, аммо Тоҷикистон ин хабарро рад кардааст. Улуғбек Содиқов, вакили порлумони Қирғизистон, рӯзи 7-уми октябр аз мақомоти кишвараш хост, ин иттилоъро шарҳ диҳанд.

Вай пешниҳод кард, ки вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзоев ба порлумон даъват карда шавад. "Аз зимистони сард пешгӯӣ карда мешавад. Дар обанбори Токтогул ҳамагӣ 12,3 миллиард метри мукааб об захира аст. Гуфта мешавад, сатҳи об метавонад, то ба 6 миллиард метри мукааб кам шавад ва низоми энержиро ба ҳам занад", - гуфт Содиқов.

Вазири энержии Қирғизистон Доскул Бекмурзоев рӯзи 1-уми октябр хабар дода буд, ки воридоти барқро аз Тоҷикистон шуруъ кардаанд. "Дар шабонарӯз 1 миллион киловат/соат барқ ворид мекунем. Дар моҳ мумкин аст, аз 30 то 50 миллион киловат/соат расад", - гуфта буд Бекмурзоев.

Аммо 4-уми октябр Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон хабари ҷониби Қирғизистонро рад кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон дархости хариди барқро аз Тоҷикистон кардааст. Ду ҷониб рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд. "Айни замон ин дархост дар ҳоли баррасӣ аст", - хабар додааст Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG