Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Аврупо хостанд, ба зидди Назарбоев таҳрим эълом шавад


Нурсултон Назарбоев.
Нурсултон Назарбоев.

Фаъолони мадании Қазоқистон 6-уми октябр дар вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Алмато даъват карданд, ки ба зидди президенти пешини ин кишвар, Нурсултон Назарбоев, таҳрим эълон карда шавад.

Гуруҳи фаъолони қазоқ, ки дар ҳамоиш ҳам онлайнӣ ва ҳам ҳузурӣ иштирок доштанд, муроҷиатномаи видеоиеро ба унвони вакилони Порлумони Аврупо нашр карданд.

"Мо озодии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон ва иҷрои ҳамаи бандҳои қатъномаи Порлумони Аврупо аз 11-уми феврали соли равонро талаб мекунем. Мо аз Иттиҳоди Аврупо даъват мекунем, зидди ҳамаи онҳое, ки дар поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон даст доранд, таҳрими шахсӣ эълом карда шавад", - гуфтанд фаъолон.

Дар миёни онҳое, ки ба гуфтаи фаъолони қазоқ, ҳуқуқи инсонро дар Қазоқистон поймол кардаанд, номи президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG