Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Pandora Papers": вазири пешини Бритониё барои тавсифи Назарбоев пул гирифтааст


Ҷонатан Айткен (аз рост), сиёсатмадори бритониёӣ.
Ҷонатан Айткен (аз рост), сиёсатмадори бритониёӣ.

Сиёсатмадори бритониёӣ Ҷонатан Айткен соли 2009 дар бораи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев китоб нашр кард. Бар асоси таҳқиқоти "Pandora Papers" (Авроқи Пандора), Айткен барои ин китоби худ аз ҳукумати Қазоқистон 166 ҳазор фунт стерлинг (96 млн тангаи қазоқӣ) дарёфт кардааст.

Нашрияи "Guardian" бо истинод ба асноди муътамад навиштааст, Айткен пулро аз ширкате дарёфт кард, ки бо ҳукумати Қазоқистон ҳамкорӣ мекард.

"Ҷонатан Айткен моҳи апрели соли 2010 ба Вашингтон парвоз кард. Собиқ вакили порлумон ва вазир, ки барои баёноти бардуруғ зиндонӣ шуда буд, китоби нави худро дар ИМА рӯнамоӣ кардааст. Дар китоб президенти пешини Қазоқистон тавсиф шудааст", - менависад нашрия.

Пулҳо тавассути як ширкати ҳонгконгӣ нахуст ба ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё интиқол ёфта, сипас ба ҳисоби ширкати Айткен ворид шудаанд. Ба ҷуз ин, Айткен барои сафар ба Амрико низ пул гирифтааст. Ширкати "WorldPR", ки бо ҳукумати Қазоқистон ҳамкорӣ мекард, барои се рӯзи зисти ӯ дар меҳмонхонаи "Capital Hilton", дар наздикии Кохи сафед 1527 фунт стерлинг ва барои рӯнамоии китоб дар китобхонаи Конгресси Амрико 6996 пардохт кардааст.

Айткен дар ҷараёни сафараш ба Амрико бо даъвати сафорати Қазоқистон дар донишгоҳи Ҳарвард низ суханронӣ кардааст.

Китоби мазкур таҳти унвони "Назарбоев ва бунёди Қазоқистон: аз коммунизм то капитализм" (Nazarbayev and the Making of Kazakhstan: From Communism to Capitalism) чоп шудааст.

XS
SM
MD
LG