Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Молдова  бо иттиҳоми фасод боздошт шуд


Додситони кулли собиқи Молдова Александру Стояногло
Додситони кулли собиқи Молдова Александру Стояногло

Додситони кулли Молдова, ки аз ҷониби мухолифон таъин шуда буд, бо иттиҳоми фасод боздошт шуд. Додситони кулл Александру Стояногло рӯзи 5-уми октябр баъди дафтари кориву хонааш кофтукоб шудан аз ҷониби афроди ниқобпӯш боздошт ва ба як муассисаи нигаҳдории муваққатии шаҳри Кишинёв интиқол дода шуд. Виктор Фуртуна, додситони ҷиноятҳои коррупсионӣ гуфт, Стояногло дар сӯиистифода аз мақом, фасод ва изҳороти дурӯғин гумонбар мешавад. Президент Майя Санду раиси ҷумҳурии пешини рӯ ба Маскав Игор Додонро дар интихоботи моҳи ноябри порсол бо ваъдаи анҷоми ислоҳот мағлуб кард ва гуфт, ки аз роҳи муқобила бо фасод Молдоваро ба Ғарб наздиктар мекунад. Стояногло дар давраи Додон соли 2019 таъин шуд.

Пеш аз ин вазири адлия Сергиу Литвиненко додситони куллро “як лӯхтаки дасти мақомоти калони фасодзадаву дуздоне, ки даҳсолаҳо Молдоваро ғорат мекунанд” номидааст.

Додон гуфт, ки ҳукумат ба “як хатои маргбори сиёсӣ” роҳ дод ва Сандуро дар ғасби сохторҳои давлатӣ айбдор намуд.

Молдова як кишвари нодортарини Аврупо буда, солҳои охир ғарқи бесуботиву моҷароҳои марбут ба фасод, аз ҷумла нопадидшавии 1 миллиард доллар аз низоми бонкӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG