Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Тоҷикистонро ба латту кӯби зани рус муттаҳам мекунанд


Русия макони кору зиндагӣ барои як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст
Русия макони кору зиндагӣ барои як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст

Нашрияи "Московский Комсомолетс" аз боздошти як зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петерург бо гумони латту кӯб ва талоши рабудани зани рус хабар медиҳад. Ному насаби ин зодаи Тоҷикистон нашр нашудааст ва маълум нест, ки худи ӯ дар ин бора чӣ назар дорад.

Ба навиштаи нашрия, зани 52-сола ба пулис шикоят бурдааст, ки баъди шиносоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ бо марди 40-сола як маротиба вохӯрда, дигар аз суҳбат бо ӯ худдорӣ кардааст. "Аз чунин посух муҳоҷир ба хашм омада, занро латтукӯб ва бо зӯр ба мошини худ савор карда,ҳамроҳ бо як шарики дигараш ба берун аз шаҳр ҳаракат мекунанд. Саҳнаи латтукӯбро камераҳои назоратӣ сабт намудаанд. Баъдан ба ин зан муяссар мешавад, ки фирор намояд,"-менависад нашрия.

Зан бо бинӣ ва дасти шикаста ба пизишкон муроҷиат кардааст. Зодагони Тоҷикистонро аз рӯи навори камераҳо пайдо ва боздошт кардаанд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тарафи дигари қазия дастрас нест ва дақиқ нест, ки онҳо то куҷо ба иттиҳоми алайҳашон эълоншуда розианд.

Русия макони кору зиндагӣ барои ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мақомоти рус ҳар чанд вақт аз боздошти муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳомҳои гуногун хабар медиҳанд, вале дар бархе ҳолат муҳоҷирон боздошти худро ғайриқонунӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG