Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони вилояти Хатлон


Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як мактаб дар шаҳри Кӯлоб. 5 октябри соли 2021
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як мактаб дар шаҳри Кӯлоб. 5 октябри соли 2021

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъда кардааст, ки дар чор соли оянда барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон беш аз 7 миллиард сомонӣ ҷудо мешавад. Раҳмон ин нуктаро рӯзи 5-уми октябр зимни як чорабинӣ дар шаҳри Кӯлоб баён кард.

Раиси ҷумҳур гуфт, соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 млн сомонӣ оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз 69 сола шуд, чанд рӯз инҷониб бо сафари корӣ дар ҷануби Тоҷикистон қарор дорад. Мақомот ҳадафи сафари ӯро бозкушоии корхонаву муассисаҳои нав ва ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум меноманд. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ин сафарҳо ба ҷуз харҷи беҳуда, ташвиши сокинон ва васфи аз пеш омодашудаи Раҳмон аз ҷониби сокинон, дигар чизи муҳимеро намебинанд.

XS
SM
MD
LG