Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Панҷшер чӣ мегузарад? Сокинон аз бадрафтории "Толибон" шикоят доранд


Вилояти Панҷшер

Аз замоне ки гуруҳи "Толибон" иддао кард, ки назорат бар вилояти Панҷшерро ба даст гирифт, се ҳафта гузашт. Шахсони вобаста ба Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" дар бахшҳои марказии Панҷшер ба чашм намехӯранд, аммо ба маълумоти баъзе аз аъзояш, "онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст ҳузур доранд ва ба ҷанги чирикӣ омодагӣ мегиранд."

Ҷанг дар вилояти Панҷшер пас аз он оғоз шуд ва шиддат гирифт, ки "Толибон" аз сарҳади Бадахшон ва аз роҳҳои Парвону Каписо ба вилоят ҳамла карданд. Дар ҳоли ҳозир ҷангу даргириҳои се ҳафта қабл дар вилояти Панҷшер вуҷуд надорад. Аммо баъзе аз мардум дар деҳаҳои мухталифи вилоят мегӯянд, ҳанӯз дар маҳалли зисташон вазъ фавқулода ё изтирорӣ аст.

Ҷалолуддини 36-сола аз ноҳияи Париёни вилояти Панҷшер рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, "чанд маркаб доштем, барои чӯб мерафтем. Дар роҳ равон будем, ки мошинҳои "Толибон" омад. Онҳо моро латукӯб карданд. Барояшон чизе нагуфта будем, ҳар бор таҳдид мекарданд, аммо ин бор заданд. Болои мардум фишор меоранд."

Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер
Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер

Ноҳияи Париён бо вилояти Бадахшон ҳаммарз аст ва нерӯҳои "Толибон" аз онҷо ба Панҷшер равуо мекунанд. Яке аз сокинони ноҳияи Париёни Панҷшер, ки ба иллати дар хатар афтодани ҷонаш аз ифшои ном худдорӣ кард, гуфт, аз мақомоти ҳукумати "Толибон" мехоҳанд, ҷилави озору латукӯби шахсони мулкӣ ва бегуноҳро дар маҳалҳо бигиранд.

"Толибони Бадахшон ба озору азияти мардум пардохтаанд. Ду-се нафар аз ватандорони мо, ки деҳқон буданд, аз кӯҳ меомаданд, инҳоро бо маркабашон дошта, задаанд. Бисёр мардумро азият мекунанд. Хости мардум ин аст, ки ҳар ҷой қароргоҳ аст, дар ҳамон ҷо бошанд ва бо гаштугузори худ ба мардуми бегуноҳ зарар нарасонанд", -- афзудааст ӯ.

Масъулони "Толибон" дар Панҷшер мегӯянд, ин изҳороти мардумро намепазиранд. Онҳо мегӯянд, ки ба ваъдаи барқарории амният ва расондани хадамоти асосӣ ба мардуми маҳаллӣ пойбанданд.

Муллошоҳ Рӯҳуллоҳ, муовини волии Панҷшер, дар ин маврид гуфтааст: "Мо дар он ҷо раиси ноҳия дорем, бояд ба онҳо шикоят мекарданд. Ҳар ҳодиса, ки мешавад, моро дар ҷараён бигузоранд. Ду рӯз қабл дар онҷо баъзе аз мушкилот буд, ки дӯстҳои мо рафтанду масъулиятро бар уҳдаи худ гирифтанд. Касоне, ки чунин гапҳоро мезананд, мо комилан рад мекунем ва ин корро таблиғоти душман медонем."

Дастрасии расонаҳо ба иллати дурии роҳ ба Панҷшер маҳдуд аст ва биноан наметавон иддаоҳои ду тарафро мустақилона тасдиқ ё инкор кард.

Панҷшер, 15-уми сентябри 2021
Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Пас аз шиддати ҷангу хушунатҳои се ҳафта пеш дар вилояти Панҷшер, садҳо хонавода бештар аз маҳалҳои марказӣ хонаашонро тарк карда, ба берун аз ин вилоят кӯчиданд.

Баста будани роҳ, камии хӯрокворӣ, набудани барқ ва фаъол набудани шабакаҳои мухобиротӣ дар Панҷшер аз мушкилоти ҷиддӣ шумурда мешуд. Баъзе аз сокинонаш мегӯянд, ҳоло мушкили баста будани роҳҳо, набудани барқу қатъ шудани хадамоти мухобиротӣ дар ин вилоят рафъ шудааст.

Оилаҳои беҷошуда мунтазири онанд, ки вазъият дар ин вилоят беҳтар шаваду дубора ба хонаҳояшон баргарданд, аммо кай, намедонанд.

Дар ҳафтаҳои охир нигарониҳо аз бад шудани вазъ дар вилояти Панҷшери Афғонистон афзудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 21-уми сентябр аз созмону кишварҳои таъсиргузор хост, ҳарчи зуд пеши роҳи, ба қавли ӯ, "зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмӣ"-ро дар Панҷшер, минтақаи тоҷикнишини Афғонистон, бигиранд.

"Толибон" дар он ҷо на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд", -- гуфта буд ӯ дар нишасте дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк.

"Толибон" дар гӯшае аз Панҷшер, 15-уми сентябри 2021
"Толибон" дар гӯшае аз Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Нашрияи бритониёии Guardian дар оғози моҳи сентябр аз эҳтимоли фоҷиаи башарӣ дар дараи Панҷшер ҳушдор дода, навишт, ба иллати идомаи муҳосира аҳолии он ба камбуди хӯрок ва дору рӯбарӯ шудаанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Душанбе гуфт, Панҷшер дар муҳосира аст ва "Толибон" дастрасии ёриҳои башардӯстонаро ба онҷо қатъ кардааст.

"Толибон" ҳамагуна фишорро болои мардуми Панҷшер рад мекунад. Ин гуруҳ пас аз тақрибан се ҳафтаи ишғоли Кобул гуфт, вилояти Панҷшерро ҳам зери назорат даровард. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд иддао дорад, ки Панҷшер пурра вожгун нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG