Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд 


Тоҷикистон, 15-уми июли соли 2019
Тоҷикистон, 15-уми июли соли 2019

Дафтари матуботи Кремлин гуфт, рӯзи 5-уми октябр президентони Русия ва Тоҷикистон - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин нахустин сӯҳбати телефонии ду раҳбар баъди поёни моҳи сентябр аз ҷониби як мақоми вазорати умури хориҷии Русия ба мусолеҳа даъват кардани Душанбе ва ҳукумати “Толибон” мебошад. Маълум нест, ки оё президенти Русия, ки бар хилофи раҳбари Тоҷикистон аз ҷонибдорони муколама бо “Толибон” мебошад, ин навбат шахсан президент Эмомалӣ Раҳмонро ба тағйири мавқеаш дар нисбати мақомдорони кунунии Кобул даъват кардааст ё на.

Дар хабари расмии Кремлин омадааст, ки ду раҳбар таҳаввулоти ахири Афғонистонро баррасӣ карда, “мувофиқа намуданд, ки дар тамоси доимӣ хоҳанд буд”. Русия гуфтааст, “тамоюли мутақобила ба тақвияти ҳамаҷонибаи шарикии стратегиву шарикӣ дар равобити Тоҷикистону Русия таъкид гардид”.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар робита бо ин хабар гуфтааст, ки тамаркузи вижа ба масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар масоили амниятӣ, бавижа таҳкими моддиву фанни сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар Афғонистон” карда шуд.

Сӯҳбати ду раҳбар дар рӯзи зодрӯзи 69-уми Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд ва президент Путин дар барқияи табрикотиаш қабл аз ин саҳми раҳбари Тоҷикистонро дар тахмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ситоиш кардааст. Зимнан, президенти Тоҷикистонро дар ин рӯз раҳбарони дигари сиёсии кишварҳои хориҷӣ ҳам табрик карданд.

Гурӯҳи тундрави “Толибон” баъди 20 соли сарнагунӣ аз қудрат бо тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ва фирори ҳукумати пешини Ашраф Ғанӣ миёнаҳои моҳи август сари қудрат омад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон яке аз камтарин раҳбарон дар минтақа аст, ки мухолифташ бо режими “Толибон”-ро ошкоро баён карда хостори эҷоди ҳукумати фарогир аз намояндагони қавму гурӯҳҳои мухталифи ҷамъиятии Афғонистон шудааст. “Толибон” ва раҳбарони созмонҳои ҷонибдори ин гурӯҳи ҷангӣ дар Афғонистон дар вокуниш аз Душанбе талаб карданд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат накунад.

Рӯзи 30-юми сентябр Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст . Ӯ ба овардани неруҳо аз ҳарду тараф ба марз таъкид карда гуфт, “даъват мекунем, ки Душанбе ва Кобул роҳҳои барои ҳарду ҷониб муносиби ҳалли авзоъро ёбанд." Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо расман ҳеҷ вокунише накард, вале ба бовари сиёсатшиносони тоҷик, ин изҳорот “иғвоангез” ва то ҷое “таҳқиромез” мебошад.

XS
SM
MD
LG