Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нигаронии амиқи" сафирони хориҷӣ аз назорат шуданашон аз ҷониби амнияти Гурҷистон


Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон, мулоқот бо дипломатҳо. Акс аз соли 2020
Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон, мулоқот бо дипломатҳо. Акс аз соли 2020

Як гурӯҳи сафирони давлатҳои хориҷии мустақар дар Гурҷистон гуфтанд, ки аз он ки аз ҷониби Хадамоти амниятии давлатии ин кишвар назорат мешаванд, изҳори "нигаронии амиқ" карданд. Моҳи гузашта дар Гурҷистон санадҳое рӯи об баромад, ки дар бораи назорати сартосарӣ аз пушти журналистон, рӯҳониён, дипломатҳо ва дигарҳо шаҳодат медиҳанд. Рӯзи 4-уми октябр баъди як мулоқот бо муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Гурҷистон Давид Залкалиани корпуси дипломатӣ изҳороте пахш кард ва гуфт, ки назорат “нақзи ҷиддии” Эъломияи Вена дар бораи робитаҳои дипломатӣ аз соли 1961 аст ва ба “кори маъмулии дипломатӣ дар Гурҷистон” осеби ҷиддӣ мерасонад.

Дар ин мулоқот намояндагони раҳбарияти сафоратҳои ИМА, Итиҳоди Аврупо (ИА), Ҷопон ва дигарҳо иштирок карданд. Ҳарчанд манбаи хабари назорати сартосарӣ маълум нест, вале зоҳиран маълум мешавад, ки Хадамоти амнияти давлатии Гурҷистон аз пушти сафири ИА, дипломатҳои амрикоӣ, сафири Исроил ва дигар маъмуриятҳои дипломатӣ дар Тифлис назорат мекард. Назорати бештар аз кори Калисои ортодокси Гурҷистон ба роҳ монда шудааст. Додситонии кулл гуфт, ки таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ намуд. Баъди мулоқот бо дипломатҳо вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки барои маълум кардани воқеият талош хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG