Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бораи Афғонистон


Жозеп Боррелл
Жозеп Боррелл

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Афғонистон бо шикасти низоми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ аст, ки метавонад ба аҳолии он ва ба амнияти минтақа зарар расонад. Гуруҳи "Толибон" аз нимаи моҳи августи имсол дигарбора назорат ба ин кишварро ба даст гирифтааст.

Жозеп Боррелл дар блоги худ навиштааст: "Афғонистон буҳрони ҷиддии башариро аз сар мегузаронад. Фурӯрезии низоми иҷтимоиву иқтисодӣ дар пеш аст, ки барои афғонҳо, минтақа ва амнияти байнулмилалӣ хатарзо хоҳад буд."

Боррелл ҳафтаи гузашта бо мақомоти Қатар, ки "Толибон" дар онҷо дафтари сиёсии худро дорад, мулоқот дошт.

Ӯ гуфтааст, барои пешгирӣ аз сенарияи бадтарин аз "Толибон" мехоҳад, шартҳоеро, ки ёрии бештари байналмилалиро фароҳам мекунанд, риоя намояд.

Пас аз берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва ба дасти "Толибон" афтодани Афғонистон, нархи хӯрокворӣ дар он кишвар якбора боло рафт. Аз даст додани даромади хориҷӣ таваррумро ба вуҷуд овард ва системаи бонкии Афғонистонро фалаҷ кард.

Жозеп Боррелл ҳушдор дод, ки агар ин вазъ то зимистон идома ёбад, "хатари фоҷиаи башарӣ" дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки метавонад боис ба муҳоҷирати оммавии афғонҳо ба кишварҳои ҳамсоя шавад.

XS
SM
MD
LG