Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тақаллуб ва пешсафии ҳизби ҳоким дар интихоботи Гурҷистон мегӯянд


Интихоботи маҳаллии шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ дар Гурҷистон 2-юми октябр баргузор шуд
Интихоботи маҳаллии шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ дар Гурҷистон 2-юми октябр баргузор шуд

Натиҷаҳои муқаддамотӣ ё пешакии интихоботи шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ дар Гурҷистон баёнгари пешсафии ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" аст. Ҳамзамон дар бораи тақаллуб дар ҷараёни овоздиҳӣ гузоришҳо мерасанд.

Тибқи иттилои Кумисюни марказии интихоботи Гурҷистон, рӯзи 3-юми октябр 99 дарсади баргаҳои ройро шумурданд ва, бинобар он, ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" 46.6 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳизби асосии мухолифин, Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ, 30.7 дарсади ройи мардумро ба даст овард.

Интихоботи маҳаллии шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ дар Гурҷистон рӯзи 2-юми октябр баргузор шуд. Онро ҳамчун имтиҳон ё референдуми эътимод ба ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" арзёбӣ мекунанд.

Интихоботи моҳи октябри соли гузашта, ки бо пирӯзии ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" анҷомид, аз ҷониби мухолифон рад шуда буд. Мухолифон иддао карданд, ки натиҷаҳо тақаллуб шудааст ва онро бойкот карданд. Буҳрон чанд моҳ тӯл кашид.

Мухолифон ва ҳизби ҳоким дар Гурҷистон моҳи апрели имсол бо миёнравии Иттиҳоди Аврупо созише имзо карданд, ки агар дар интихоботи нав ҳизби "Орзуи Гурҷистон" камтар аз 43 дарсади овозҳоро ба даст орад, интихоботи пеш аз муҳлат соли 2022 барпо хоҳад шуд.

Вале моҳи июл раҳбари ҳизби ҳоким, Иракли Кобахидзе, созиши рӯзи 19-уми апрелро бекор ва иддао кард, ки мухолифон шикаст хӯрданду аксар шартҳои ин созиш иҷро шудааст.

XS
SM
MD
LG