Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Хон вазъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд


Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон
Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон

Раҳбарони Тоҷикистону Покистон вазъияти ҳозира дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, суҳбат 2-юми октябр телефонӣ ва бо дархости Исломобод анҷом шуд.

Дар ҳоле ки Покистонро пуштибони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон меноманд, Тоҷикистон гуфтааст, ҳукуматеро эътироф хоҳад кард, ки дар он тоҷикон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбати рӯзи шанбе бо Имрон Хон гуфтааст, вазъ дар Афғонистон "ҳамоно дар маркази диққат қарор дорад, зеро ҳамаи рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқуъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд."

Бар асоси гузориши расонаҳои покистонӣ, ҳарду ҷониб дар мавриди сулҳу субот ва кумакҳои башарӣ ба Афғонистон таъкид кардаанд.

Имрон Хон дар ин муколамаи телефонӣ ниёз ба ёриҳои башариро ба Афғонистон дар шароити ҳозира муҳим дониста, хостааст, барои пешгирӣ аз суқути иқтисоди ин кишвар бояд додугирифт бо Афғонистон бештар шавад.

Ин дар ҳолест, ки иртиботи Душанбе бо ҳукумати таҳти "Толибон" дар Афғонистон пуртаниш шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳони эҷоди ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, "Толибон" аз ӯ мехоҳанд, дар умури дохилияшон мудохила накунад.

XS
SM
MD
LG