Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тайван ҳукумати Чинро ба "зӯргӯйӣ" муттаҳам кард


Намоиши ҳавопаймоҳои Чин
Намоиши ҳавопаймоҳои Чин

Тайван Чинро ба "зӯргӯйӣ" ва "осеб расондан" ба сулҳи минтақа муттаҳам кард.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки даҳҳо ҳавопаймои ҷангии Чин дар атрофи ин ҷазира бузургтарин тамрини худро анҷом доданд.

Ба иттилои Вазорати дифои Тайван, дар ҳоле ки Чин дар оғози октябр рӯзи миллиро ҷашн мегирифт, 38 ҳавопаймояш, ба шумули ҷангандаҳову бобмафканҳои дорои қобилияти интиқоли аслиҳаи ҳастаӣ, вориди ин минтақа шуданд. 39 ҳавопаймои дигар рӯзи шанбе парвоз кардаанд.

Тайван мегӯяд, ба ин ҳаракати Чин бо ҷобаҷо кардани нерӯҳо ва парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ посух додааст.

Чин Тайвани демократиро як вилояти ҷудошуда аз қаламрави худ медонад, вале ин ҷазира бо 23 миллион аҳолӣ худро давлати мустақил мешуморад.

Тайван беш аз як сол боз аз тамринҳои батакрори нерӯҳои ҳавоии Чин дар наздикии ин ҷазира шикоят дорад.

XS
SM
MD
LG