Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, панҷ медал гирифтанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки боридувум доир гардид, ҳудуди 1000 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа соҳиби 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ - шуд. Медали тиллоро Муҳаммадризо Мирзозода дар масофаи 400 метр бо монеаҳо миёни наврасон – варзишгарони солҳои таваллудашон 2004-2005 - ба даст овард.

Дар ин синну сол, ҳамчунин дастаи писарон дар эстафетаи 4х100 метр медали нуқра ва дастаи духтарон дар эстафетаи 4х100 метр, инчунин Меҳрубон Ҳоҷиқурбонзода дар даҳҳарба медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Як медали биринҷии дигарро Шамсиддин Авазов дар найзапартоӣ миёни ҷавонон – варзишгарони солҳои таваллудашон 2002-2003 - ба даст овард.

XS
SM
MD
LG