Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери тоҷикро барои аксҳояш дар назди калисои Маскав боздошт карданд


Майдони Сурхи Маскав, акс аз бойгонӣ
Майдони Сурхи Маскав, акс аз бойгонӣ

Дар Маскав як блогери тоҷикро боздошт карданд, ки аксҳои дорои мазмуни шаҳвонӣ гирифтаи ӯву як духтар дар пасманзари калисои Василий Блаженний дар Майдони Сурх ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Зоҳиран, як мояи аслии боздошти ӯ ин аст, ки духтар дар ин акс либоси полис дорад.

Руслан Бобиев як шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи "Русик 04" маъруф будааст. Матбуоти русӣ менависад, ки яке аз аксҳои ду ҷавон "ғайриахлоқӣ буда, ҳамон замон вокунишҳои манфиро ба бор овард". Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон ҳам ба аксҳои Бобиев вокуниши манфӣ карда гуфтаанд, ки чунин кори ӯ барои азияту фишори бештар болои шаҳрвандони дигари Тоҷикистон дар Русия сабаб мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия мегӯянд, ки сохторҳои ҳифзи қонун дар Русия нисбати муҳоҷирон назари хуб надоранд ва бисёр вақт онҳоро ғайриқонунӣ ва ҳам бедалел мавриди фишору тамаҷъҷӯӣ қарор медиҳанд.

Бобиев рӯзи 30-юми сентябр боздошт шуд. Саҳифаи ӯ дар Инстаграм, ки беш аз 100 ҳазор пайрав дошт, масдуд карда шуд. Бархе хабаргузориҳо наворҳои баъди боздошти Бобиевро нашр кардаанд, ки дар он ӯ барои кори кардааш узр мехоҳад. Маълум нест, ки то куҷо дар боздошт ҳуқуқи ӯ риоя шудаву бо вакили дифоъ таъмин шудааст.

XS
SM
MD
LG