Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи мавсими даъват ба артиши Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз имрӯз дар Тоҷикистон расман мавсими даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз ёфт. Ин навбат ҷавонони соли таваллудашон 1994 то 2003-юм ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мегарданд. Мавсим то 30-юми ноябр идома мекунад ва, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, масъулияти сафарбарии даъватшавандаҳо ба зиммаи раҳбарони шаҳру навоҳӣ вогузор шудааст. Вакилони порлумон ним сол пеш қонун дар бораи хидмати ҳарбиро тағйир доданд. Бар асоси он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Ба бовари мақомот, роҳандозии ин навъи хидмат барои аз байн бурдани иҳотагирӣ ва ё облава муосидат мекунад.

Бархе корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳафтаи ҷорӣ бо вуҷуди он ки ҳанӯз мавсими даъват оғоз наёфта буд, шоҳиди облаваи ҷавонон дар шаҳри Душанбе шуданд.

XS
SM
MD
LG