Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки дар Минск кушта шуд, корманди як ширкати амрикоӣ будааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони ширкати амрикоии EPAM гуфтаанд, марде, ки аввали ҳафта аз тарафи нирӯҳои амниятии Беларус дар ҷараёни ҳамла ба хонааш дар Минск кушта шуд, корманди онҳо буд.

EPAM дар ин бора 30-юми сентябр ба хабаргузории "Рейтерс" иттилоъ дод, вале ҷузъиёт надод. Ҳамчунин, ширкат гуфтааст, гузориши расонаҳоро дар бораи шаҳрванди Амрико будани ин мард тасдиқ карда наметавонад.

Кумитаи давлатии амнияти Беларус 28-уми сентябр гуфт, маъмуронаш як марди 31-соларо кушта, ҳамсарашро дастгир кардаанд.

Мақомот дар бораи ин шахс маълумоте надода, танҳо гуфтаанд, "ӯ террорист буд". Истилоҳе, ки маъмурони амниятии Беларус аксар вақт нисбат ба эътирозгарон ва мухолифони режими Александр Лукашенко истифода мекунанд.

Мақомоти амниятии Беларус гуфтанд, ин мард пас аз тирандозӣ ба сӯйи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Тасдиқи мустақилонаи ин изҳорот вуҷуд надорад, аз ҷумла оё ин шахс ба сӯи нерӯҳои амниятӣ тир холӣ кардааст ё не.

XS
SM
MD
LG