Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия "Медиазона" ва "ОВД-инфо"-ро ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" ворид кард


Ҳукумати Русия номи се расонаи маъруф ва 22 шахси дигарро ба феҳрасти "агентҳои хориҷӣ" илова кард. Мунтақидон чунин рафтори мақомотро саркӯби расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Русия медонанд.

Вазорати адлияи Русия 29-уми сентябр гуфт, тарҳҳои "Медиазона", "Зона Права" ва "ОВД-инфо"-ро ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил кард. "ОВД-инфо" пойгоҳи мустақил аст, ки кори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро назорат мекунад.

Маркази фарҳанги олмонӣ ва аврупоӣ дар Нижний Новгород ва Маркази омӯзиши гендер дар вилояти Иваново низ "агентҳои хориҷӣ" номида шуданд.

Илова бар ин, ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" номи 22 нафар, аз ҷумла чанде аз ҳамоҳангсози маҳаллии созмони мустақили "Голос" ворид гардиданд. Худи "Голос" дар моҳи август ба ин рӯйхат ворид шуда буд.

Петр Верзилов ва Сергей Симонов, ношир ва сардабири "Медиазона" низ "агенти хориҷӣ" номида шудаанд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) қонуни "агенти хориҷӣ"-ро дар Русия маҳкум карда, онро "воситаи дигари фишори ҳукумат ба гурӯҳҳои мустақил" номидааст.

XS
SM
MD
LG