Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Исроил гуфт, як зани фаластиниро паронданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Исроил рӯзи 30-юми сентябр гуфт, як зани фаластиниро, ки гуё дар Шаҳри Кӯҳнаи Байтулмуқаддас ба онҳо ҳамла кардааст, паронданд. Ба нақли мақомот, зан дар даромадгоҳи “Ал-Ақсо”, макони барои мусалмонон муқаддас, ба афсарон наздик шудааст. "Пас аз он кӯшиш кард, бо кор афсаронро захмӣ кунад, аммо ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт", - гуфта мешавад дар изҳорот. Зан 30-сола буда, ному насабаш маълум нест. Даргириҳо байни фаластиниён ва исроилиҳо солҳо боз идома дорад. Даргирии моҳи майи имсол дар Ғазза байни нерӯҳои Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” аз соли 2014 ба ин сӯ сахттарин гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG