Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА марди руси муттаҳам дар тақаллуби кортҳои бонкиро истирдод кард


3 ноябри соли 2019. Алексей Бурков дар як додгоҳи Исроил
3 ноябри соли 2019. Алексей Бурков дар як додгоҳи Исроил

Вазорати умури дохилии Русия рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки ИМА як шаҳрванди Русияро, ки барои ҷиноятҳои интернетӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, истирдод кард. Алексей Бурковро моҳи июни соли гузашта додгоҳи ноҳиявии Вирҷиния барои фурӯши кортҳои бонкии дуздӣ ва дигар фаъолиятҳои мабут ба тақаллуб дар интернет айбдор карда буд. Додгоҳ гуфт, ки Бурков аз роҳи истифодаи тақаллубии кортҳои бонкӣ ба ИМА дар ҳаҷми 20 миллион доллар осеб расонидааст. Бурков декабри соли 2015 дар Исроил боздошт шуд ва аз он ҷо баъдан ба ИМА истирдод гардид. Ҷиноятҳои содиршуда солҳои 2008 то 2015-ро дар бар мегиранд. Вақте Бурков ба Амрико истирдод шуд, Русия Вашингтонро дар “шикори” шаҳрвандони Русия дар ҷаҳон айбдор кард.

XS
SM
MD
LG