Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бедодгарӣ"-ҳои зукоми паранда дар шимоли Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар деҳаи "Лебяж"-и вилояти Қазоқистони Шимолӣ мубталошавӣ ба зукоми паранда ба қайд гирифта шуда, дар давоми як ҳафтаи ахир беш аз ҳазор сар мурғ фавтидааст.

"Ташхиси "зукоми паранда" дар озмоишгоҳи Маркази миллии байтории вилоят гузошта шудааст", - изҳор дошт як масъули шуъбаи пешгирӣ ва таъйини идораи бойтории ҳукумати Қазоқистони Шимолӣ Нариман Тасболатов. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқҳо нишон додаанд, ки бемории мазкур аз паранда ваҳшӣ ба парандаи хонагӣ сироят кардааст.

Тасболатов гуфт, аз деҳаҳои ҳамсоя ҳам намунаҳо барои озмоиш гирифта шудааст, то сирояти эҳтимолӣ ба онҳо санҷида шавад.

Қазоқистони Шимолӣ барои пешгирӣ аз зукоми паранда соли равон 1,2 миллион моя ваксина дарёфт кардааст. Танҳо дар деҳаи Лебяж беш аз 1,5 ҳазор паранда эм карда шудааст. Соли гузашта дар ин минтақа аз зукоми паранда 1,5 миллион паранда фавтида буд.

XS
SM
MD
LG