Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон наврасони боздоштшудаи қирғизро раҳо кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар натиҷаи музокирот ду хонандаи мактаберо, ки 23-юми сентябр дар минтақаи номуайяни марзӣ бо Қирғизистон дастгир шуда буданд, озод кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ду навраси 16-сола 23-юми сентябр дар марз бо Тоҷикистон ба қочоқбарон кумак мекарданд. Дар ҳамин ҳол, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон онҳоро дар минтақаи номуайяни марзӣ боздошт кардаанд.

Раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон дар гузаргоҳи "Кулунду" бо иштироки раҳбарони ниҳодҳои маҳаллии қудратӣ мулоқот кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар натиҷаи гуфтугӯ наврасони боздоштшударо озод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар Исфара рӯзи 23-юми сентябр хабар доданд, ки як гуруҳ аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон кӯдакони тоҷикро "ҳангоми бозгашт аз мактаб бо санг задаанд".

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ба камияш ду нафар дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд, вале сабаби сангзанӣ маълум нест. Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани чаҳор хонандаи қирғиз хабар дода буд.

"Кӯдакон пас аз адои дарс аз мактаби рақами 64 бармегаштанд. Онҳоро чанд сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодканд, ки бо деҳаи Сомониён наздик аст, бе ҳеч сабаб задаанд. Ҳоло ҳодисаро таҳқиқ дорем", -- нақл кард раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG