Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА як мудири ширкати русиро бо гумони напардохтани андоз боздошт кард


Дар ИМА як раҳбари баландпояи ширкати русии истеҳсолкунандаи гази табииро бо иттиҳоми фирор аз пардохти андоз ва дар ҳисобҳои офшор нигоҳ доштани даҳҳо миллион доллар боздошт шуд.

Вазорати адлияи ИМА рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки Марк Ҷетвей бо қарори додраси додгоҳи калони федеролии Флорида бар асоси иттиҳоме, ки рӯзе аз он пеш эълон шуд, дастгир гардид. Ширкати “Новатэк” истеҳсолкунандаи азим ва мустақили гази табиӣ мебошад.

Марк Ҷетвей дар назди сармоягузорони хориҷӣ ба ҳайси симои муаррифгари ширкат баромад мекард. Ҷетвейро дар он муттаҳам мекунанд, ки сармояҳояшро ба ҳисобҳои бонкии офшор бароварда, бо ин роҳ аз пардохти андоз фирор кардааст. Таҳқиқоти пешакӣ солҳои 2003 то 2014-ро дар бар мегирад. Дар як маврид гуфта мешавад, ки соли 2005 гӯё Ҷетвей дар бонки Швейсария ҳисобҳо кушода, маблағҳои дар он ҷамъшуда дар як вақт то 93 миллион долларро ташкил додааст.

Ширкати “Новатэк” ба муроҷиатҳои Радиои Озодӣ барои шарҳи ин қазия посух надод. Рӯзи 23-юми сентябр Ҷетвей дар додгоҳ ҳозир мешавад. Дар сурати гунаҳгор дониста шуданаш ба ӯ даҳҳо соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG