Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар Узбекистон барои фурӯхтани гӯшти хар ба ду сол зиндон маҳкум шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Қаршии Узбекистон шаҳрванд Х.Ж.-ро барои фурӯхтани гӯшти хар ба муҳлати ду сол ба корҳои ислоҳӣ ва ба фоидаи давлат рӯёнидани 20 дарсади маошаш маҳкум кард.

Ба иттилои пулиси Узбекистон, мақомоти қудратӣ пештар аз ин дар яке аз хонаҳо дар маҳаллаи "Арабхона"-и шаҳри Қаршӣ мардеро ҳангоми тақсими гӯшти хар пайдо карданд. Дар манзили вай гӯшту пуст ва 20 хари зиндаи дигар пайдо шуд.

Ибтидо марди боздоштшуда исрор меварзид, ки гӯшти харро барои сагҳо омода мекард, аммо дертар иқрор шуд, ки барои фурӯш хар мекушт.

Рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар дода буданд, ки чаҳор сокини ноҳияи Косони Узбекистон бо гумони куштори харҳо боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG