Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон муҳоҷиронашро дар Русия рӯйхат мекунад


Нуқтаи овоздиҳӣ дар Қирғизистон. Акс аз моҳи апрели соли 2021
Нуқтаи овоздиҳӣ дар Қирғизистон. Акс аз моҳи апрели соли 2021

Мақомоти Қирғизистон ният доранд, аз 4 то 17-уми октябри имсол маълумоти биометрии ҳамаи муҳоҷирони кории ин кишварро дар Русия ҷамъ оварда, дар консулгариҳо сабт кунанд.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин нукта дар мулоқоти аъзои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон бо намояндагони ҷамъияти қирғизҳо дар Русия зикр шудааст. Ин мулоқот дар шаҳри Маскав гузашт.

Узви Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон, Анор Дубанбоева, гуфтааст, ҷамъоварии маълумоти биометрӣ ва сабтиноми муҳоҷирон дар консулгариҳо барои он анҷом дода мешавад, ки тавонанд дар интихоботи порлумонӣ иштирок кунанд.

Ба гуфтаи масъулони Кумисюн, дар Русия, аз ҷумла дар шаҳрҳои Маскав, Қазон, Краснодар, Самара ва Санкт-Петербург, 20 нуқтаи ройдиҳӣ ташкил карда мешавад.

Қирғизистон 28-уми ноябри имсол интихоботи порлумонӣ дорад. Порлумони нави ин кишвар аз 90 вакил иборат хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG