Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: дар Ҷалолобод ба мошини "Толибон" ҳамла карданд


"Толибон" дар Ҷалолобод. 18 сентябри соли 2021
"Толибон" дар Ҷалолобод. 18 сентябри соли 2021

Бино бар гузоришҳо аз шарқи Афғонистон, мусаллаҳон ба мошинҳои «Толибон» ҳамла карда, чанд ҷангҷӯ ва ғайринизомиро куштаанд. Дар як ҳамла дар шаҳри Ҷалолобод афроди мусаллаҳ ба сӯи мошини «Толибон» оташ кушода, ду нафари онҳову дастикам як ғайринизомиро куштаанд. Дар ин бора рӯзи 22-юми сентябр шоҳидон хабар доданд. «Толибон» иддао кардаанд, ки ҳамаи кушташудаҳо мардуми осоишта буданд.

Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлагарон савори аробаҳои одамкашонӣ ё рикша буданд ва баъди тирандозӣ тавонистанд фирор кунанд.

Як соат баъди ин ҳодиса маркази вилояти Нангарҳор шаҳри Ҷалолобод шоҳиди таркиши бомбаи сарироҳӣ шуд. Дар ин ҳодиса, ба шаҳодати шоҳидон, як ҷангии «Толибон» ва як мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Дар таркиши дигаре, ки дар ҳамин шаҳр рух дод, як нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Феълан маълум нест, ки оё ин нафар ҷангӣ буд ё мулкӣ.

Ҳанӯз ҳеч нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст. Вале гуфта мешавад, ки дар ин минтақа аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва шохаи «Хуросони Давлати исломӣ» фаъол аст ва ҳафтаи гузашта ҳам, тибқи гузоришҳо, дар куштори ҳашт нафар даст дошт. Нангарҳор паноҳгоҳи шохаи «Хуросон» аст ва ин гурӯҳ душмани мақомдорони нави Афғонистон ба ҳисоб меравад.

«Толибон» ва «Давлати исломӣ» дар гузашта ҳам бо ҳам задухӯрдҳое доштаанд.

XS
SM
MD
LG