Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи назар аз қарори додгоҳ, Путин ба Олимпиадаи Пекин меравад


Владимир Путин, президенти Русия даъвати Чинро ҷиҳати сафар ба Олимпиадаи зимистонии 2022 дар Пекин пазируфт. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод. Ба гуфтаи Лавров, Путинро ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин дар гуфтугӯи ахири телефонӣ ба бозиҳо даъват кардааст.

Моҳи декабри соли 2020 Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) роҳбарияти Русия, аз ҷумла президентро аз иштирок дар Олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар ду соли оянда манъ карда буд. Ин қарори додгоҳ ба ҷанҷоли истеъмоли доруҳои нируафзо ё допинг аз сӯи варзишкорони Русия марбут аст. Додгоҳ гуфт, мақомоти Русия дар тақаллуби натиҷаи ташхисҳои варзишкорони рус даст доштанд. Даъвати роҳбарони давлатҳо аз сӯи мизбони бозиҳо, бино ба қарори додгоҳ, истисно ба ҳисоб меравад.

Ба ҷуз ин, додгоҳи ҳакамии варзишӣ қарор қабул кардааст, ки варзишкорони Русия ду соли оянда иҷоза надоранд, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ бо парчами миллии худ ширкат кунанд. Суруди миллии Русия низ, бино ба қарори додгоҳ, дар мусобиқаҳо садо нахоҳад дод.

Ҷанҷоли истеъмоли допинг дар варзиши Русия чанд сол аст, ки идома дорад. Мақомоти Русия мавҷудияти барномаи допингро дар сатҳи ҳукумат рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG