Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WADA мехоҳад мариҳуанаро аз рӯйхати доруҳои мамнуъ хориҷ кунад


Оҷонси ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) имкони хориҷ кардани мариҳуанаро аз рӯйхати доруҳои мамнуъ баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора france24.com хабар медиҳад.

Тадқиқоти илмии ин масъала соли оянда гузаронида мешавад. Возеҳ аст, ки истифодаи мариҳуана ҳатман то охири соли 2022 манъ карда мешавад.

Ин созмон дар ин бора пас аз маҳрум шудани варзишгари амрикоӣ Шаъкарри Ричардсон аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот фикр кардааст. Ташхиси давандаи 21-сола барои истеъмоли каннабис натиҷаи мусбат додааст.

Ин варзишгари амрикоӣ як моҳ аз сабқат маҳрум шуд ва натавонист дар Олимпиадаи Токио ширкат кунад. Он замон бархе аз мутахассисон ва варзишгарон манъ кардани ин маводро кӯҳна ва бефоида меҳисобиданд. Худи Ричардсон изҳор дошт, ки вай бинобар ҳолати вазнини равонӣ пас аз марги модараш мариҳуанаро истифода кардааст.

Мариҳуана номи расмии каннабис як доруи равонӣ аст, ки аз бангдона гирифта мешавад. Он ба бадани инсон бо моддаҳои равонии дар бангдона мавҷудбуда – каннабиноидҳо, дельта-9-тетрагидроканнабинол - таъсир мерасонад. Мутахассисон бангдонаро ба се намуди асосӣ ҷудо мекунанд: бангдонаи тухмӣ, бангдонаи ҳиндӣ ва бангдонаи алафҳои бегона.

XS
SM
MD
LG