Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зас: "Дар сурати шиддатёбии вазъ дар сарҳад бо Афғонистон, СПАД ба Тоҷикистон ёрӣ мекунад"


Станислав Зас, дабири кулли СПАД. Акс 1-уми сентябри соли 2021
Станислав Зас, дабири кулли СПАД. Акс 1-уми сентябри соли 2021

Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ мегӯяд, дар сурати шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон, "кишварҳои узви СПАД ба ин ақида ҳамфикранд, ки ба Тоҷикистон кумак мекунанд".

Дар ин бора Станислав Зас рӯзи 15-уми сентябр дар поёни ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, умури хориҷӣ ва кумитаҳои дабирони шӯрои амнияти СПАД дар Душанбе ба хабарнигорон хабар дод.

"Толибон" - як гурӯҳи ҷангии усулгарои исломӣ баъд аз ишғоли аксар қаламравҳои Афғонистон, рӯзи 7-уми сентябр аъзои ҳукумати нави худро эълон кард. Русия бо "Толибон" дар гуфтугӯ буда, Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ҳеч сурат ҳукумати "Толибон"-ро қабул надорад.

Хабаргузории давлатии "Ховар" мегӯяд, дар поёни ҷаласаи муштараки вазирони дифоъ ва корҳои хориҷии СПАД 20 қарор қабул шуд. Инчунин, ба иттилои манбаъ, изҳороти муштарак "Дар бораи вазъи Афғонистон", изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм ва санадҳои дигар қабул шуд.

Евгений Аношин, сухангӯи дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия дар поёни ҷаласа гуфт, мувофиқаи аъзои созмон ин шуд, ки дар пасманзари вазъити Афғонистон кишварҳои СПАД сарҳадро мустаҳкам ва размоишҳои низомӣ баргузор карда муштаракан зиддин терроризм мубориза мебаранд. Ба иттилои ӯ, дар хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон "размоишҳои вижаи ситодҳои фармондеҳии низомӣ" ба нақша гирифта шудаанд.

Ҷаласаи шӯрои вазирони СПАД дар Душанбе асосан вазъи амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви СПАД-ро баррасӣ намуд. Дар кори он намояндагони кишварҳои узв - Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. СПАД соли 1992 таъсис шудааст ва соли ҷорӣ Тоҷикистон раҳбарии давраии ин созмонро ба ӯҳда дорад.

Раҳбарии давраии СПАД дар соли 2022 ба Арманистон гузашт.

XS
SM
MD
LG