Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққонӣ гуфт, ки духтарон дар Афғонистон бо чӣ шарт ҳаққи таҳсилро хоҳанд дошт


Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ
Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ

Тибқи дастури нави "Толибон", занону духтарон танҳо дар синфхонаҳои хос барои онҳо ва бо либоси иҷбории исломӣ ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳоро хоҳанд дошт.

Рӯзи 12-уми сентябр Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, ки масъули маорифи ҳукумати “Толибон” таъин шудааст, гуфт, онҳо намехоҳанд соатро бист сол ба ақиб кашанд, вале пӯшидани либоси исломӣ ва ҳиҷоб барои занон маҷбурӣ хоҳад буд.

Ҳаққонӣ тафсилот надод, ки ҳиҷоб ба маънии рӯсарӣ аст ва ё пинҳон намудани рӯй ҳам иҷборӣ хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта ҳукумати нави “Толибон” рӯйи кор омад, ки пурра аз мардон иборат аст.

Дар давраи ҳукмронии “Толибон” дар солҳои навадуми қарни гузашта занону духтарон аз таҳсил, кор ва ҳаёти ҷамъиятӣ пурра маҳрум шуда буданд.

Ҳоло аҳли олам пайгирӣ дорад, ки маъмурияти нави “Толибон” дар мавриди занон чӣ сиёсатеро пеш мегирад.

XS
SM
MD
LG