Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Барои пешгирӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ Афғонистон бояд ба маблағ дастрасӣ дошта бошад


Хонаводае, ки аз омадани "Толибон" нохушнуд асту дар фикри тарки Афғонистон мебошад, чизу чораашро барои фурӯш ба бозор овардааст. 10-уми сентябр, Кобул
Хонаводае, ки аз омадани "Толибон" нохушнуд асту дар фикри тарки Афғонистон мебошад, чизу чораашро барои фурӯш ба бозор овардааст. 10-уми сентябр, Кобул

СММ бархӯрди “хашини то рафт афзояндаи” “Толибон” дар нисбати эътирозгарони сулҳомез, аз ҷумла, истифода силоҳу калтак  ва шаллоқро маҳкум карда айни замон аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо кард, ки бо ҳукумати нави Афғонистон дар гуфтугӯ бошад, чун ин кишвар дар ҳолати “як суқути иқтисодӣ” қарор дорад.

Рӯзи 10-уми сентябр дар изҳороти дафтари ҳуқуқи башари СММ гуфта шуд, ки бар пояи гузоришҳои қобили эътимод маъмурияти “Толибон” ба ҳангоми пароканда кардани издиҳоми мардуми эътирозгар дастикам чаҳор нафарро куштааст. Ин ҳама амалҳо, ба қавли СММ, озодиҳову ҳуқуқи башарро маҳдуд мекунад.

"Хурсанд шав, ки саратро набуридем"

Сухангӯи идораи ҳуқуқи башари СММ Равина Шамдасани дар як изҳороташ гуфт, баъди нашри амри “Толибон” дар бораи ин ки ҳама гуна эътирозҳо “таҳти ҳар шароит” манъ аст, эътирозгарон мавриди латукӯб ва боздошт қарор гирифтанд. Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” гуфт, дар бисёр нуқоти Афғонистон журналистон “аз ҷониби “Толибон” азияту озор, ҳабс ва бо симчӯб латукӯб мешаванд”. Чунин ҳодисаҳо дар ҳоли афзоиш ёфтан аст, гуфтаанд гузоришарон.

Равина Шамдасани
Равина Шамдасани

Шамдасани дар изҳороте, ки дар Женева нашр шуд, мегӯяд, “мо аз “Толибон” тақозо мекунем, ки аз истифодаи ҳама гуна оташ ва боздоштҳои худсарона дар нисбати ширкатдорони таҷаммӯъҳои сулҳомез ва журналистоне, ки ин ҳодисаҳоро пӯшиш медиҳанд, даст бардоранд”. Ӯ илова кард, ки дар санадҳои СММ марги чор эътирозгар бар асари тири силоҳ сабт шудааст. Ӯ гуфт, рӯзҳои 7 ва 8-уми сентябр 19 журналист аз ҷониби “Толибон” боздошт шуданд:

"Баъзе журналистон аз “Толибон” суол карданд, ки “Чаро чунин мекунед? Чаро моро мезанед? Мо фақат дар бораи ҳодисаҳое, ки мегузарад, гузориш медиҳем”. Онҳо ё ин саволҳоро бепосух мондаанд ваё аз ин бештар латукӯб кардаанд. Дар ҳодисаи дигар як журналист гуфт, ки ба сараш заданд ва гуфтанд: “Хурсанд шав, ки саратро набуридем”. Бубинед, чӣ қадар ҳодисаҳои азияту озори журналистон, ки фақат мехоҳанд корашонро анҷом диҳанд, зиёд шудааст”.

Гутерреш: "Бояд бо "Толибон" муколама барпо кунем

Ин изҳорот дар рӯзе садо дод, ки дабири кулли СММ Антонио Гутерреш аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки барои пешгирӣ аз суқути иқтисодии Афғонистон, ки миллионҳо афғонистониҳоро ба вартаи қашшоқиву гуруснагӣ меандозад, иқдом кунанд. Гутерреш ба Франс Пресс гуфт: “Мо бояд бо “Толибон” муколама барпо кунем ва принсипҳои худро мустақим расонем. Ин муколама бо эҳсоси ҳамраъӣ бо мардуми Афғонистон бояд барпо шавад”. Ӯ гуфт, ки миллионҳо сокини Афғонистон ҳоло “хеле азият мешаванд” ва бо хатари “марг бар асари гуруснагӣ” рӯбарӯ ҳастанд.

Дар таҳаввулоти дигар тахминан 200 хориҷӣ, аз ҷумла амрикоиҳо, дар як ҳавопаймое рӯзи 9-уми сентябр тавонистанд аз Кобул парвоз кунанд ва баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои хориҷиву байналмилалӣ дар охири моҳи август, ин нахустин парвоз буд, ки дар ҳамкорӣ бо Толибон анҷом шуд. Дар миёни мусофирони ин ҳавопаймо 10 амрикоӣ, инчунин шаҳрвандони Канада, Венгрия, Украина, Олмон ва Бритониё буданд.

Антонио Гутерреш
Антонио Гутерреш

Эмили Ҳорне, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфт, ки дар ташкили парвози амрикоиҳо “Толибон” “муносибати наздик ба корӣ ва касбӣ” нишон доданд. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА гуфт, ки мақомоти ин кишвар дар тамос бо “Толибон” қарор доранд ва таъкид кардаанд, ки “корҳои дигаре мисли ин метавонад боиси вокуниши мусбати ҷомеаи ҷаҳонӣ шавад”.

Ба иттилои Кохи Сафед, тахминан 100 шаҳрванди ИМА Афғонистонро тарк карда тавонистанд.

Дар ҳамин ҳол давлати Қазоқистон хабар дод, ки 9-уми сентябр 35 қазоқтабори Афғонистонро аз Кобул ба Қазоқистон интиқол додааст. Онҳо аз наздикони тахминан 200 қазоқтаборҳои дигари Афғонистон мебошанд, ки солҳои 1920-30 аз Иттиҳоди Шӯравӣ фирор кардаанд.

Шабакаи садову симои олмонии Deutsche Welle ҳам гуфт, ки рӯзи 9-уми сентябр тавонист 10 хабарнигорашро аз Афғонистон ба Покистон интиқол диҳад. Дар изҳорот ҷузъиёт дода намешавад, вале ишора шудааст, ки “бо сабабҳои мухталиф берун бурдани онҳо бо роҳҳои ҳавоӣ имконнопазир буд”.

Як нигаронии СММ ин аст, ки мушкили рақами яки мардуми Афғонистон, ки як соли хушксолиро пуштисар мекунад, бӯҳрони башарӣ буда метавонад. Ин мушкил пеш аз сари кор омадани “Толибон” ҳам вуҷуд дошт ва ҳоло хатари амиқтар шудан дорад.

Афғонистон дар пешорӯи бӯҳрони иқтисодӣ

Аксар захираҳои молии Бонки марказии Афғонистон ва ёриҳои байналмилалӣ баъди омадани Толибон ба Кобул дар таърихи 15-уми сентябр масдуд шудааст.

Гутерреш, ки фикри бекор кардани таҳримҳои режими “Толибон”-ро ба забон наовард, айни замон гуфт, ки “василаҳои молӣ” метвонад ба иқтисоди Афғонистон имкон диҳад, ки “нафасе бикашад”.

Ӯ гуфт, замонати ин ки паёмадҳои ин амал чӣ мешавад, вуҷуд надорад, вале муколамае бояд барпо шавад, “агар мо бихоҳем, ки Афғонистон ба маркази терроризм табдил нашавад, агар хоҳем, ки духтарҳову занҳо ҳуқуқи дар гузашта ба дастовардаашонро ҳифз кунанд ва бихоҳем, ки гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ ҳам ширкат дошта бошанд”.

Ба қавли Гутерреш, СММ хостори эҷоди “як ҳукумати фарогир” аст, ки тамоми намояндагони ҷомеаи Афғонистон аъзои он бошанд, вале “аз аъзои ҳукумате, ки ахиран эълон шудаанд, чунин тасаввур ҳосил намешавад”.

Гутерреш гуфт, “Толибон” эътирофу кӯмаки молӣ мехоҳанд ва тарафдори бекор шудани таҳримҳо ҳастанд. “Ин чиз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ як андешае дода метвонад”, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол сафири Афғонистон дар СММ, ки аз ҳукумати суқуткарда намояндагӣ мекунад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кард, ки ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накунанд ва болои раҳбароне, ки аллакай ҳамчун соҳибмақом ёд шудаанд, таҳримҳо ҷорӣ шавад. Ғулом Исоқзай гуфт, ки эътирозҳои ахир дар Афғонистон “паёми қавие ба “Толибон”-и ҳама сатҳ аст, ки низоми тоталитарии боршудаи онҳоро қабул надоранд”.

Баррасиҳои Афғонистон дар ҳафтаи оянда

Дар сафараш ба Покистон вазири хориҷаи Испания Хосе Мануэл Албарес аз вазъи занон ва ҳуқуқи башару озодии ҳаракат дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз Покистон хост, ки дар амри эҷоди долони амне барои онҳое, ки бо нирӯҳои испанӣ ҳамкорӣ кардаанд, мусоидат кунад. Испания мегӯяд, дар миёни 2200 нафаре, ки бо ёрии онҳо аз Афғонистон берун бурда шудаанд, аксарият афғонистониҳо мебошанд, ки аз қассосгирии “Толибон” фирор кардаанд.

Қасри Елисей гуфт, ки рӯзи 16-уми сентяр дар мулоқоти президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ вазъ дар Афғонистон хоҳад буд. Рӯзҳои 13-14-уми сентябр вазири хориҷаи ИМА Энтони Блинкен ба саволҳои Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони ИМА посух медиҳад, чун ин кумита ваъда додааст, ки ҷараёни берункашии нирӯҳои ИМА аз Афғонистонро “ба таври мӯшикофона таҳқиқ мекунад”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG