Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо ба зидди "Толибон" дар Теҳрону Машҳад ва Кобул


Тазоҳуроти афғонҳо дар назди Сафорати Покистон дар Теҳрон. 9 сентябр, 2021.
Тазоҳуроти афғонҳо дар назди Сафорати Покистон дар Теҳрон. 9 сентябр, 2021.

Пас аз даъвати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар рӯзҳои охир дар Кобул, Теҳрон ва Машҳад гирдиҳамоиҳо алайҳи “Толибон” ва Покистон баргузор шуд. Ин эътирозҳо рӯзи 9-уми сентябр низ идома ёфт.

Дар шаҳри Теҳрон шуморе аз фаъолони маданӣ ба зидди груӯҳи “Толибон” ва сиёсатҳои Покистон дар Афғонистон шиор доданд.

Шаҳри Машҳади Эрон ҳам рӯзи панҷшанбе саҳнаи эътирозҳо ба зидди сиёсатҳои Покистон дар Афғонистон ва ҳимояти он аз “Толибон” будааст.

Ҳамчунин беш аз 500 фаъли сиёсӣ ва мадании Эрон дар паёме ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, "шаҳодати Фаҳим Даштӣ", сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таслият гуфтанд.

Ин фаъолони сиёсӣ ва мадании эронӣ дар паёми худ навиштанд, "дар чаҳор даҳаи охир ҳеч гоҳ қалб ва ормони мардуми Эрон бо мардуми Афғонистон то ба ин ҳад гиреҳ нахӯрдаааст".

Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз бархӯрди ҳукумати Эрон бо гурӯҳи “Толибон” танқид кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамла ба Панҷшерро маҳкум карда, кушта шудани Фаҳими Даштиро "шаҳодат" хондааст. Бо ин ҳол, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон таъкид кардаанд, ончӣ дар ин таҳаввулот аҳамият дорад, ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Исломӣ аст.

Дар гузашта баъзе аз расонаҳои марбут ба усулгароёни Эрон аз “Толибон” пуштибонӣ карда буданд.

Шуморе аз мардуми Кобул низ ба даъвати Аҳмад Масъуд барои мубориза бо “Толибон” посухи мусбат доданд ва бори дигар ҷамъ шуданд. Афғонистон ва ба вижа пойтахти он шаҳри Кобул рӯзҳои охир саҳнаи эътирозҳо алайҳи ҳукумати Толибон буд.

Ду рӯз пеш садҳо зан ва мард дар кӯчаҳои Кобул ва чанд вилояти Афғонистон алайҳи “Толибон” гирдиҳамоӣ карданд. Нерӯҳои “Толибон” барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода бурданд ва ба ҳаво тир холӣ карданд.

Баъди ду даҳсола баргашти низоми усулгарову муҳофизакори исломӣ дар Афғонистон, ки бо шеваи бисёр сахту бераҳме раҳбарӣ кардааст, бисёриҳоро дар ин кишвар нороҳат мекунад.

«Толибон» дар рӯзи аввали кори худ ташкили таҷаммӯъҳову намоишҳои эътирозиро бо, ба қавли онҳо, сабаби ин ки “беназмиву бетартибӣ” мешавад, манъ кардаанд.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи Афғонистон инҷо бихонед

XS
SM
MD
LG