Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар Кобул. Намояндаи Покистон гуфтааст, "ба он чӣ дар Панҷшер мегузарад, рабт надоранд" ВИДЕО


Нерӯҳои "Толибон" дар муқобили эътирозгарон истодаанд. Шаҳри Кобул, 7-уми сентябри соли 2021

Дар ҷараёни эътирозҳои шаҳри Кобул алайҳи мудохилаи Покистон ба умури Афғонистон мусаллаҳони "Толибон" барои пароканда кардани мардум ба ҳаво тир холӣ карданд.

Телевизиони "Тулуъ" чанд навори видеоӣ нашр кард, ки дар он дида мешавад, ҳангоми эътирози даҳҳо нафар дар Кобул рӯзи 7-уми сентябр садои тир ба гӯш мерасад. Иттилое дар бораи эҳтимоли осеб дидани эътирозгарон дар даст нест. "Толибон" рӯзи 6-уми сентябр ҳушдор дод, ки ҳар касе дар баробари ин гуруҳ даст ба шӯриш бизанад, "зарбаи сахт хоҳад хӯрд".

Бино ба гузоришҳои дигар, ҷангҷӯёни "Толибон" эътирозгаронро латукӯб карда, ба хабарнигорон иҷоза надодаанд, ки навор гиранд. Телевизиони "Тулуъ" гуфт, наворбардори ин шабака ва чанд корманди расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз сӯи "Толибон" дастгир шуданд.

Ин иқдом пас аз таҷаммӯи беш аз 700 нафар, ки аксарияташон занон буданд, дар берун аз бинои сафорати Покистон дар Кобул рух дод.

Видеоро аз бахши афғонистонии Озодӣ дар инҷо бинед:

Тазоҳуроти норозиён ва тирандозии "Толибон" дар Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Ин эътирозҳо ҳамзамон дар пайи сафари раиси созмони истихбороти низомии Покистон, Файз Ҳамид, ба Афғонистон ва низ хабарҳо аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ин кишвар ба Панҷшер сурат мегирад. Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳамакнун дар Панҷшер дар ҳоли набард бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" ҳастанд.

Сухангӯи артиши Покистон иддаои ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварашро ба Панҷшер рад кардааст. Вай гуфтааст, кишвараш "ба он чӣ дар дохили Афғонистон дар ҳоли рух додан аст, чӣ дар Панҷшер ва чӣ дар ҷойи дигар, ҳеч рабт надорад".

Эътирозҳо дар шаҳрҳои Афғонистон

Шаҳрҳои гуногуни Афғонистон шаби 6 ба 7-уми сентябр саҳнаи тазоҳурот ва гирдиҳамоии мардум буданд. Гирдиҳамомадагон ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимат ва ба зидди Покистону "Толибон" шиор медоданд.

Наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки мардум дар Кобул, Мазори Шариф, Балх, Ҳирот ва вилоятҳои дигар ба кӯчаҳо баромадаанд.

Мардуми нидои "Озодӣ" сар медиҳанд. Кобул, 7-уми сентябри 2021
Мардуми нидои "Озодӣ" сар медиҳанд. Кобул, 7-уми сентябри 2021

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, дар дараи Панҷшер даргириҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва "Толибон" идома дорад. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, рӯзи душанбе пас аз даргириҳои сахт бо нашри паёме аз мардуми Афғонистон хост, алайҳи "Толибон" қиёми умумӣ кунанд.

Вай изҳор дошт, "ҳамлаи "Толибон" ба таври ошкор нишон дод, ки нерӯҳои бегона дар канори "Толибон" дар муқобили миллати Афғонистон аз дер боз қарор доштанд ва ҳанӯз ҳузур доранд". Ишораи Аҳмад Масъуд ба чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишине аст, ки шаби якшанбе мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер бомбборон карданд.

Панҷшер, 6-уми сентябри соли 2021
Панҷшер, 6-уми сентябри соли 2021

Панҷшер танҳо вилоятест, ки ҳанӯз алайҳи "Толибон" мубориза мекунад. Тайи як ҳафтаи гузашта дар ин вилоят даргириҳои сахт идома доранд.

"Толибон" рӯзи 6-уми сентябр иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш маркази вилояти Панҷшерро ишғол карданд. Аммо шаби гузашта Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон кард, ки амалиёти нерӯҳои муқовимат барои бозпасгирии Панҷшер оғоз шудааст.

Гуруҳи "Толибон" пас аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ рӯзи 15-уми август дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Бо гузашти беш аз се ҳафта ҳанӯз ҳукумати нав эълон нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG