Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи СММ: Агар Толибон аз пул маҳрум шаванд, "Афғонистон шикаст мехӯрад"


Дебора Лайонс, фиристодаи СММ дар умури Афғонистон
Дебора Лайонс, фиристодаи СММ дар умури Афғонистон

Як фиристодаи СММ ҳушдор дод, ки маҳрум кардани Афғонистон аз маблағҳо бо ин ҳадаф, ки ба дасти Толибон нарасанд, ин кишвар ва иқтисодашро бо шикаст рӯбарӯ мекунад. Дебора Лайонс, фиристодаи СММ дар умури Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои амният рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки ба гурӯҳи муҳофизакори Толибон бояд шанс дода шавад, чун ин гурӯҳ дар самти дасткашӣ аз муқовимат ва ҳаракат ба самти мудирияти кишвар аст. Лайонс дар ҳузури 15 узви Шӯрои амнияти СММ гуфт, “як роҳҳали муваққатӣ ва зуд бояд ёфт, то ки имкони ба Афғонистон ворид шудани маблағ пайдо шавад ва аз шикасти комили иқтисод ва низоми иҷтимоӣ пешгирӣ шавад”.

Ба қавли ӯ, дар сурати ғайр, мизони қашшоқиву гуруснагӣ боло меравад ва мавҷи азими паноҳҷӯён дар талоши тарки Афғонистон хоҳанд шуд. Ӯ гуфт, ки иқтисоди ин кишвар бояд тавонад чанд моҳи баъдӣ истиодагрӣ кунад ва ба “Толибон ҳам бояд шанс дода шавад, то нишон диҳанд, ки короҳоро дигаргуна пеш бурда метавонанд, бахусус аз назари дурнамои ҳуқуқи башар, баробарии ҷинсиятӣ ва муқобила бо терроризм”.

Ба қавли коршиносон, пеш аз омадани Толибон ҳам Афғонистони вобаста аз кӯмакҳои байналмилаӣ бо сабаби хушксолӣ бо таҳдиди бӯҳрони башарӣ ва беҷо шудани мардумаш рӯбарӯ шуда буд.

XS
SM
MD
LG