Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 40 паноҳҷӯи афғон дар феҳристи афроди "эҳтимолан хатарнок"-и ИМА


Шаҳраки паноҳҷӯёни афғон дар Олмон
Шаҳраки паноҳҷӯёни афғон дар Олмон

Вазорати амнияти дохилии ИМА беш аз чил паноҳҷӯи афғонро ба ҳайси шахсони эҳтимолан хатарнок арзёбӣ мекунад ва таҳқиқи корномаҳои онҳо аз назари бехатариву амният идома хоҳад ёфт. Нашрияи The Washington Post дар матлабе бо такя ба санадҳои вазорати амнияти дохилӣ навиштааст, ки аз миёни беш аз 60 ҳазор афғонистониҳое, ки баъди 17-уми сентябр ба унвони паноҳҷӯ ба хоки ИМА ворид шудаанд, 44 нафарашон дар феҳристи афроди “эҳтимолан хатарнок” ворид шудаанд. Ба навиштаи нашрияи бонуфуз, 13 нафар ҳоло мунтазири идомаи таҳқиқи санадҳояшон аз ҷониби идораи марзбонии ИМА, ходимони Бюрои федеролии тафтишот ва мутахассисони зиддитерроризм мебошанд. 15 паноҳандаи дигари афғон тавассути марзбонӣ дубора ба маконҳои транзитии Аврупо ваё кишварҳои Ховари Миёна бозпас фиристода шуданд ва дар бархе ҳолатҳо баъди санҷиши иловагӣ озод гардиданд. 16 афғонистонии дигар ҳанӯз иҷозаи сафар нагирифтаанд ва мунтазир ҳастанд, ки парвандаҳояшон бознигарӣ шавад.

Ҷангиёни “Толибон” рӯзи 15-уми августи имсол шаҳри Кобулро ишғол карда, бо ҳамин аксари кулли қаламравҳои Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд. Ҷангҳо дар водии Панҷшер, ки он ҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд қарор дорад, идома доранд.

Таслимшавии босуръати нирӯҳои ҳукуматии рӯ ба ғарби Афғонистон ба “Толибон” ҷараёни хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро суръат бахшид ва баробар бо онҳо, ҳазорҳо шаҳрвандоне, ки бо амрикоиҳову нирӯҳои эътилофӣ ҳамкорӣ кардаанд, кишварро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG