Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Байден аз эмнашудаҳо ва таҳдиди ҷумҳурихоҳҳо бо додгоҳ


9 сентябр, Кохи Сафед. Президенти ИМА Ҷо Байден
9 сентябр, Кохи Сафед. Президенти ИМА Ҷо Байден

Президенти ИМА Ҷо Байден аз шурӯи як маъракаи сартосарии ҳатмии эмкунӣ хабар дод, ки ба бовари мунаққидонаш дар асл намунаи берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ мебошад. Байден, ки рӯзи 9-уми сентябр аз Кохи Сафед сӯҳбат мекард, тахминан 80 миллион шаҳрванди Амрикоро ба боди танқид кашид, ки ба гурӯҳи афроди эмнашуда дохил мешаванд. Ӯ гуфт: “Мо сабр кардем, вале сабри мо ҳам поён меёбад, худдории шумо аз эмшавӣ ба мо гарон меафтад”. Ӯ ишора кард, ки аксар афроде, ки бемории сангин мешаванд, аз миёни эмнашудаҳо мебошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳҳои дароз аст дар ИМА имкони эмшавӣ бар зидди коронавирус осону ройгон фароҳам шудааст, вале омори бистаришавиву марг бар асари коронавирус дар ҳоли афзоиш мебошад. Дар миёни тадбирҳои наве, ки Байден ҷорӣ кард, талаби ҳатмии эмшавӣ ваё тести ҳарҳафтаинаи ҳама коргарони корхона аст, дар сурате, ки дар ин корхона дар як вақт 100 нафар кор кунанд. Талаботи дигар марбут ба кормандони сохторҳои федеролӣ аст, ки ин навбат на ихтиёрӣ, балки ҳатмӣ бояд эм карда шаванд. Ба ин гурӯҳ чанд миллион коргар дохил мешавад ва дар сурати рад кардани воксина ба онҳо бекор мондан таҳдид мекунад.

Дар изҳороти ҷумҳурихоҳҳо Байден барои берун рафтан аз салоҳиятҳояш интиқод шуд ва ба ӯ таҳдид карданд, ки аз болои ин қарораш ба додгоҳ шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG