Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон додани визаҳои электрониро мувақаттан бас кард


Дар Узбекистон аз 6-уми сентябри имсол додани визаҳои электрониро ба хориҷиҳо бас кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки қатъи визаҳои электронӣ ба "корҳои ислоҳӣ дар низоми e-visa.gov.uz марбут аст". Визаҳои электронӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷие дода мешуд, ки Узбекистон бо онҳо тартиби содаи равуоро барқарор кардааст. Ин гуна визаро шаҳрвандони хориҷие дастрас мекарданд, ки бо ҳадафҳои сайёҳӣ ва ба муҳлати то 30 рӯз вориди Узбекистон мешуданд.

XS
SM
MD
LG