Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, "касе ба "Толибон" эҳтиром қоил нест"


Бинои Кохи Сафед
Бинои Кохи Сафед

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳампаймонҳояш дар Ғарб баъд аз эълони ҳукумати "Толибон" фишор болои онро афзоиш додаанд. Ба қавли сухангӯи Кохи Сафед, ягон нафар дар маъмурияти президент Ҷо Байден бовар надорад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ касе ба "Толибон" эҳтиром қоил бошад.

Пеш аз он котиби давлатии Амрико, Энтони Блинкен, дар мулоқоти онлайн бо намояндагони Олмон ва 20 кишвари дигар гуфт, маъмурияти "Толибон" бар асоси амалаш баҳогузорӣ хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷии Олмон, Ҳейко Маас, ҳам гуфт, пас аз эълони аъзои ҳукумати муваққатии "Толибон" ӯ хушбин нест.

Раиси палатаи болоии порлумони Русия гуфт, дар маросими савгандёдкунии ҳукумати "Толибон" сафири ин кишвар аз Маскав намояндагӣ хоҳад кард.

Таъсиси ҳукумати "Толибон" дар дохили Афғонистон ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад. Ба назар мерасад, дар ин раванд занон аз ҳаққи худ даст кашиданӣ нестанд.

Бо рӯйи кор омадани "Толибон" таҳсили писарону духтарон ҷудо аз ҳам ташкил шудааст. Дар байни синф парда кашида шуда, дар як тараф писарон ва дар ҷониби дигар духтарон нишастаанд.

XS
SM
MD
LG