Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш автомобил - шоҳҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ


Дувумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ рӯзи якшанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонон аз 13 кишвар - Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон - баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи гуштингирии ҷумҳурӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Рақобатҳо дар 5 вазн: 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг, +90 кг миёни мардон ва дар як вазн – 65 кг миёни занон сурат мегирад. Ғолибони ҳар 6 вазн бо шоҳҷоизаҳо – автомобили сабукрав – мукофотонида мешаванд.

Ҳамчунин, барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ИМА ва барандагони медалҳои биринҷӣ соҳиби 1,5 ҳазор доллар мегарданд.
Бори аввал ғолиб дар рақобатҳои даставӣ муайян шуда, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи ҳазор доллари ИМА сарфароз хоҳад шуд.

Зимнан, ин дувумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG