Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз ташкили ҳукумати муваққат дар Афғонистон истиқбол кард


Пазироӣ аз намояндагони "Толибон" дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ
Пазироӣ аз намояндагони "Толибон" дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз ташкили ҳукумати муваққати "Толибон" дар Афғонистон истиқбол кардааст. Ҳукумате, ки гуруҳи "Толибон" онро ҳамашумул, аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ғайриқонунӣ медонад.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон рӯзи 8-уми сентябр дар сомонаи расмияш навишт, "умед дорем, ин тасмим оғози ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ ва барқарории сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад буд."

Дар идома Узбекистон омодагии худро "барои рушди муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави давлатии Афғонистон" изҳор кардааст.

Узбекистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое аст, ки аз ҳукумати "Толибон" истиқбол мекунад. Ин кишвар дар гузашта низ мизбони нишасти гуруҳ шуда буд.

Гуруҳи "Толибон" баъди беш аз се ҳафтаи ишғоли Кобул ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Аксарият намояндагони гуруҳи тундрав буда, ба камияш ду нафари онҳо дар рӯйхати террористон ҳастанд. Ба ҳайати ҳукумати нав занон шомил намешаванд.

Пештар кишварҳои ҷаҳон хоҳони ташкили ҳукумати ҳамашул буданд.

XS
SM
MD
LG