Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори гарми силоҳ дар давраи ҳукмронии Толибон. ВИДЕО


Вазъи иқтисодии Афғонистон пас аз тасарруфи Толибон бадтар шудааст ва мардуми муҳтоҷу фақир барои пешбурди зиндагӣ худро ба ҳар тараф мезананд. Аммо дар ин миён як тиҷорате дар баъзе вилоятҳои Афғонистон ва бахусус Қандаҳор авҷ гирифтааст ва онро метавон тиҷорати марг номид. Ҳоло дар Қандаҳор даромади онҳое, ки зиёд шудааст, ки дар дӯконҳояш тиру туфангу автомати "Калашников" мефурӯшанд.

Бо омадани Толибон ба Афғонистон тиҷорати Хон Муҳаммад авҷ гирифтааст. Ӯ тиру туфанг ва ҳар навъ аслиҳаи сабук мефурӯшад. Дӯконаш дар ноҳияи Панҷвойи Қандаҳор аст -- дар хостгоҳи гуруҳи Толибон. Зоҳиран аз касе ҳам иҷозаи фурӯши аслиҳа намегирад ва ҳақ ҳам надорад, аз муштариёнаш пурсад, ки аслиҳаро бо кадом ҳадаф мехаранд. Вазъи бадтаршудаи иқтисоди Афғонистон ва бе манбаи даромад мондани мардум, онҳоро маҷбур кардааст, тиру туфанги пинҳонашонро ба Хон Муҳаммад фурӯшанд.

Худи Хон Муҳаммад мегӯяд, "мардуме, ки солҳои дароз дар хона аслиҳа доштанд, барои фурӯш ба дӯкони мо меоранд. Муддатҳои тулонӣ ба ин аслиҳа зарурат надоштанд, барои ҳамин ҳоло мефурӯшанд. Мо онҳоро мехарем ва ба Толибон мефурӯшем".

Хон Муҳаммад на танҳо тиру туфанг мефурӯшад, аз ҳоло ба фурӯши парчамҳои Толибону кулоҳҳо бо шиорҳои ин гуруҳи тундрав оғоз кардааст. Навъҳои гуногуни туфанг, норинҷак, васоили мухобироту тир дар дӯконаш фаровон аст. Толибон солҳои дароз аслиҳаро аз бозори сиёҳ мехариданд, ҳоло дигар озод аст. Илова бар ин аслиҳаву муҳимоти ҷангиро аз артиши шикастхӯрдаи Афғонистон ғанимат гирифтаанд.

Пойгоҳҳои раҳокардаи артиши Афғонистону кишварҳои ғарбӣ барои Толибон манбаи даромад шудаанд. Ҳоло дар бозорҳои Қандаҳор ҳар чизеро, ки аз ин пойгоҳҳо гирифтаанд, мефурӯшанд. Чӯбу тахта то оҳану дигар васоиле, ки барои сохтмон ба кор меравад.

Муртазо, як фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ мегӯяд, "Толибон пойгоҳи артишро ишғол карданд ва баъзе аз ин чизҳоро мо аз онҳо харида дар инҷо ба фурӯш гузоштем. Аз ҷумла бушка, тахта, ва дигар чизҳо".

Аммо талабот ба маҳсулоти Муртазо камтар, талабот ба моли Хон Муҳаммад зиёд аст, ки Толибон барои ҷорӣ кардани идеологияи ифротии худ ба кор мебаранд.

Бозори гарми силоҳ дар давраи ҳукмронии Толибони афғон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

XS
SM
MD
LG