Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз хатари гуруҳҳои террористӣ гуфт, аммо ба ҳодисаҳои Афғонистон ишора накард. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.

Дар он, ба гуфтаи мақомот, 30 ҳазор низомӣ ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ ширкат карданд. Ин маърака субҳи 7-уми сентябр дар хиёбони Рӯдакӣ оғоз ва то соати 9:30 идома кард. Барои ин гашти низомӣ роҳҳои марказии Душанбе баста шуданд, ки боис ба нороҳатии баъзе аз сокинони пойтахт шуд.

Раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни истиқлолро табрик гуфт ва афзуд, вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ “боис ба ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми мо гардидааст.”

Изҳори назари Раҳмон дар бораи бештар шудани фаъолияти созмонҳои террористӣ дар минтақа дар ҳоле садо медиҳад, ки гуруҳи Толибон моҳи гузашта қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифт. Вале президенти Тоҷикстон дар паёмаш Афғонистонро ном набурд ва суҳбаташ ҳам дар бораи эҳтимоли печидагии вазъ дар минтақа умумӣ буд.

Ин дар ҳолест, ки изҳороти ӯ пас аз дидораш бо вазири корҳои хориҷии Покистон рӯзи 25-уми август дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон ва ақаллиятҳои миллӣ ва ҳам ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон сарусадои зиёде ба бор овард.

Дар Душанбе 30000 нафар дар раҳпаймоии низомӣ ширкат карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр 30-солагии истиқлоли худро ҷашн мегирад. Дар назар аст, дар он рӯз як гузашти дигари идона дар маркази Душанбе баргузор шавад, ки дар он ширкати 45 ҳазор хонандаи мактаб, донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар назар аст.

Гузаштҳои низомӣ аз як тараф барои сокинони пойтахт мушкилиҳоеро ба миён овардааст. Бахусус барои онҳое, ки барои рафтан ба кору таҳсил бояд аз хиёбонҳои асосии Душанбе бигузаранд. Даҳ рӯзи охир дар хиёбони Рӯдакӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст ва ин чиз боис ба танбашавӣ дар роҳҳои атроф шудааст.

Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо ва мустақил шуд. Мақомот мегӯянд, дар се даҳаи гузашта, бо вуҷуди ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ, ба истиқлоли сиёсиву энержӣ ва мухобироту роҳ даст ёфтанд. Мухолифон бовар доранд, Тоҷикистон ҳанӯз дар масъалаҳои иқтисодӣ ва тасмимгириҳои муҳими сиёсӣ аз дигарон сахт вобастааст.

XS
SM
MD
LG