Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунинро аз ҳаққи сафар ба Қазоқистон маҳрум карданд


Евгений Бунин
Евгений Бунин

Евгений Бунин, донишманди дорои шаҳрвандии Русия ва ИМА, ки аз мушкилоти мардуми бумии Чин дар вилояти шимолуғарби Шинҷон бонги изтироб задааст, дар давоми панҷ соли оянда аз ҳақи ворид шудан ба Қазоқистон маҳрум шуд. Бунин дар Фейсбук навишт, 4-уми сентябр, вақте аз Қирғизистони ҳамсоя ба Қазоқистон парвоз кард, ба ӯ иҷоза надоданд, ки ба кишвар ворид шавад. Бунин гуфт, ки ба ӯ дар нуқтаи санҷиши шиносномаҳои фурудгоҳ гуфтанд, ки ҳақ надорад ба Қазоқистон ворид шавад ва ҳар масъалае буд, бо вазорати корҳои хориҷии ин кишвар матраҳ кунад. Бунин дар изҳороташ гуфт, “Самтгириҳои худкомаи режими Қазоқистон муборак шавад”.

Ҳанӯз мақомоти Қазоқистон ин қазияро шарҳ надоданд.

Бунин солҳои 2019-20 ҳамингуна натавонист ба Узбекистон ворид шавад.

Чин як шарики муҳими иқтисодию тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад ва мақомоти ин кишварҳо аз ҳама гуна интиқоди Пекин ва саркӯби аққалиятҳои мазҳабиву қавмӣ худдорӣ мекунанд. Бунин бо таҳқиқи вазъи ҳуқуқи башар дар Шинҷон ва поймолшавии ҳуқуқи уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар сокинони ин минтақа маъруф аст.

XS
SM
MD
LG