Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен ба Қатар ва Олмон меравад


Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен қарор аст рӯзи 6-уми сентябр дар Қатар бо раҳбарияти ин кишвар вохӯрда барои кӯмакашон дар амалиёти берункашии нирӯҳо аз Афғонистон сипосгузорӣ кунад. Қатар дар берун бурдани амрикоиҳо ва афғонистониҳо аз Кобул тавассути роҳҳои ҳавоӣ кӯмаки зиёд кардааст. Ин охирин коре буд, ки низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон анҷом доданд.

Як пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Қатар барои нисфи онҳое, ки савори ҳавопаймоҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шуданд, истгоҳи аввалин гардид. Толибон то рӯзи 15-уми август шаҳри Кобул ва аксар қаламравҳои Афғонистон, ба истиснои водии Панҷшерро зери назари худ дароварданд.

Шаҳри Давҳа ҳоло дар мувофиқат бо мақомоти Қатар макони сафорати ИМА мешавад, ки кораш ба умури Афғонистон вобаста хоҳад шуд.

Блинкен баъди ин ба Олмон меравад. Сафари ӯ дар як вақт бо сафари минтақавии вазиди дифоъ Ллойд Остин мегузарад, вале тавре мақомот гуфтанд, на Блинкен ва на Остин ният надоранд, ки бо Толибон дидору гуфтугӯ кунанд.

Ин сафар дар шароите мегузарад, ки ИМА ҳоло бояд сарнавишти ҳазорҳо афғонистониҳоеро ҳал кунад, ки бо далелҳои ҳамкориашон бо амрикоиҳову хориҷиҳо аз кишвар берун бурда шуданд.

XS
SM
MD
LG