Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми раҳбарони мухолифони Беларус содир хоҳад шуд


4 августи соли 2021. Мария Калесникова ва Максим Знак дар дохили утоқи айбдоршавандаҳо дар додгоҳ
4 августи соли 2021. Мария Калесникова ва Максим Знак дар дохили утоқи айбдоршавандаҳо дар додгоҳ

Рӯзи 6-уми сентябр интизор меравад, ки додгоҳ ҳукми раҳбарони мухолифони Беларус Мария Калесникова ва Максим Знакро содир кунад. Ин ду раҳбари мухолифон дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд. ИМА иттиҳомоти онҳоро сохтакоришуда ва натиҷаи саркӯбҳои гурӯҳҳои демократӣ аз ҷониби режими Александр Лукашенка меномад.

Ду гумонбар – аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон барои нақзи чанд банди Кодекси ҷиноӣ айбдор мешаванд, аз ҷумла, дар тавтеа барои ғасби қудрат, даъват ба баҳам задани амнияти миллӣ ва даъват ба амалҳое, ки тавассути матбуот ва Интернет ба хароб кардани амнияти миллӣ равона шудаанд.

Ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ дар пушти дарҳои баста гузашт, вале интизор меравад, ки ҳангоми қироати ҳукми додгоҳ дарҳои додгоҳ боз мешаванд. Калесникова ва Знак иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардаанд. Дар сурати маҳкум шуданашон ба онҳо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Калесникова ва Знак дар авҷи саркӯбҳои эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 боздошт шуданд, ки ба қавли мақомот, барандааш Александр Лукашенко буд, вале бисёр сокинони Беларус ва ҳам намояндагони мухолифон натиҷаҳоро тақаллубшуда номида, давоми чандин моҳ эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG