Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба иҷозаи вояи тақвиятдиҳандаи воксинаи Pfizer/BioNTech дар ИМА


Мутахассиси калони бемориҳои сироятӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд ниҳоди масъули маводи дорувор дар ИМА истифодаи воксинаи сохтаи ширкатҳои Pfizer/BioNTech-ро ба унвони воксинаи тақвиятдиҳандаи зидди COVID-19 иҷозат медиҳад. Доктор Энтони Фаучи гуфт, ки моҳи ҷорӣ эҳтимолан тақсими вояҳои тақвиятдиҳанда шурӯъ шавад. Ба гуфтаи ӯ, тасдиқ ва роҳандозӣ кардани эмшавӣ бо вояи тақвиятдиҳандаи Moderna эътимол фурсати бештар талаб кунад. Доктор Фаучи гуфт, ки ҳарду навъи воксинаҳо тақвиятдиҳанда ва амн буда, вале ҳоло мутахассиси Оҷонсии ғизову дорувор бо омӯзиши маълумот машғуланд.

Рӯзи 18-уми август мақомои беҳдошти ИМА гуфтанд, ки сатҳи ҳимоятии воксинаҳои Pfizer/BioNTech ва Moderna бо гузашти вақт камтар мешавад. Мақомот машварат медиҳанд, онҳое, ки ду вокинаи Pfizer ва Moderna-ро гирифтаанд, баъди ҳашт моҳ воксинаи сеюмро бигиранд.

Вале бо ин вуҷуд, мояи сеюм ва тақвиятбахши воксинаи зидди COVID-19 баҳсбарангез боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG